ТВ Илм ва табиат — шабакаи телевизионии Тоҷикистон, ки бахшида ба Рӯзи илми тоҷик дар мамлакат 14 апрели соли 2021 Муассисаи давлатии телевизиони Тоҷикистон — ТВ «Илм ва табиат» ба фаъолият оғоз намуд.
Таъсиси телевизиони мазкур бо Қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 30 июли соли 2020 тибқи «Барномаи давлатии рушди телевизион ва радио дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2021—2025» тасдиқ гардид. Дар баробари ин, Қарори Ҳукумати мамлакат «Дар бораи таъсиси Муассисаи давлатии телевизиони «Илм ва табиат» ба тасвиб расида буд..
Тамоми барномаҳо ва филмҳое, ки дар ин шабакаи ТВ Илм ва табиат нашр мешаванд, ҳама ба забони тоҷикӣ буда, дастовардҳои олимони тоҷик, ҳамзамон табиату манзараҳои нотакрори мамлакатро инъикос менамоянд. Аз ҷумла, «Арса» дар мавриди навгониҳои илмии ҷаҳонӣ, «Арши илм» дар бораи нобиғаи илм, «Сайри кайҳон» дар мавриди кайҳон ва нуҷум, «Чор унсур», «Дар оғӯши табиат», «Парвезан», «Сайёраи умед», «Мададгор», «Теғи Сино» ва «Дар дили санг» барномаҳое ҳастанд, ки таҳия ва дар ин шабака нашр мешаванд..
Минбаъд ҳамаи чорабиниҳои илмиву маърифатӣ ба монанди «Фурӯғи субҳи доноӣ», «Илм чароғи маърифат» ва дигар олимпиадаҳо тариқи ин телевизион пахш карда мешавад.
Дар айни замон шабака 18 соати нашр дошта, қарор аст давоми сол ба 24 соат расонида шавад.
Ваша оценка
Ваш отзыв
Хороший отзыв состоит примерно из 300 символов. Не пишите малосодержательные отзывы, не
используйте нецензурную лексику - такие отзывы будут удалены.
Политика модерирования отзывов.
Уже регистрировались?
Авторизоваться
Последние отзывы
О работе этой компании еще нет ни одного отзыва. Бывали здесь? Напишите отзыв